24 июни соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҳайати Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмонро роҳбари минтақавии лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва тақвият бахшидани иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон” ҷаноби Михаил Бек, ҳамоҳангсози минтақавӣ хонум Аня Хойер ва намояндаи Фонд дар Тоҷикистон Инна Мазур муаррифӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва тақвият бахшидани иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон”, ки мақсади асосии он беҳтар кардани дастрасии молиявӣ ба аҳолии деҳот ва дастрасии соҳибкории хурду миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва маърифати соҳибкорӣ маҳсуб меёбад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. аз сатҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамари Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2014 инҷониб дар самти такмили ихтисоси кормандони бонкҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва мусоидат дар беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар охир ҷонибҳо тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти барои низоми бонкӣ муҳим - беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, барои густариши ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани тахассусияти кормандони соҳаи низоми бонкӣ тавассути табодули таҷриба бо мутахассисони соҳаи бонкии Олмон ва ба ин васила мусоидат дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот