Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, №80 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар хотима ёфтани муҳлати амали иҷозатнома ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Итминон” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Итминон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2017, №93 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот