01.07.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи муносибатҳои байналмилалӣ
I
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои
хориҷи наздик ва мамолики Араб - ( 1 ҷой )
Вазифаҳо:
- пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо сохторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғайра;
- ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
- ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
- ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
- таъмини тарҷума ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).
Талабот ба номзад:
- ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
- дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
- озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад.
II
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур - ( 2 ҷой )
Вазифаҳо:
- пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғайра;
- ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
- ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
- ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
- таъмини тарҷума ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).
Талабот ба номзад:
- ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
- дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
- озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 14.07. 2022