Мутахассисони низоми бонкӣ соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд

Бойгонии ахбор
04.07.2022

Мутахассисони низоми бонкӣ соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ дар доираи барномаи Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи кӯмаки техникии “Маблағгузории исломӣ барои рушди фарогир” дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии IFAAS, ки яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, аз санаи 29 июн то санаи 5 ноябри соли 2021 барои кормандони низоми бонкӣ силсила-семинарҳои омӯзишии фосилавиро роҳандозӣ намуд.

NBTL9078.JPG

Дар доираи ҳамкориҳои мазкур 1 июли соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, директори генералии Ширкати машваратии IFAAS ҷаноби Фаррух Раза, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷонибҳои манфиатдор ҷамъомад баргузор гардид.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо натиҷагирӣ аз марҳилаи 1-уми Барномаи мазкур зикр намуд, ки семинарҳои омӯзишӣ асосан бо мақсади тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла муқаддимаи молия, бонкдорӣ, маблағгузории хурд ва лизинг, такафул, сукут, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунии корпоративӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, андозбандӣ, идоракунии хавфҳо, сохтори сиёсати молияи исломӣ ва идоракунии пардохтпазирӣ ташкил карда шуда, нишондиҳандаи иштирок дар семинарҳо аз сатҳи баланди хоҳиш ва кӯшиши мутахассисон дар самти омӯзиши мазкур шаҳодат медиҳад.

NBTL9081.JPG

Директори генералии ширкати машваратии IFAAS ҷаноби Фаррух Раза дар навбати худ ба шунавандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар барномаи омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки феълан низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон мавқеи хосро пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ ҷалб кардааст. Силсила-семинарҳои мазкур иқдоми амалии сафарбар кардани қувваи зеҳнӣ ҷиҳати воқиф шудан аз меъёрҳои бонкдории исломӣ буда, ба рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад.

NBTL9327.JPG

Бояд зикр намуд, ки дар доираи роҳандозии лоиҳаи мазкур дар давоми чор моҳ 2 562 нафар шунавандагон ҷалб гардиданд ва аз ин теъдод 343 нафар иштирокчии фаъол курсҳои омӯзиширо хатм намуда, соҳиби 1 071 адад шаҳодатномаи байналмилалӣ шуданд.

Дар хотима аз ҷониби муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори генералии ширкати машваратии IFAAS ҷаноби Фаррух Раза ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокчиёни фаъоли Лоиҳаи кӯмаки техникии “Маблағгузории исломӣ барои рушди фарогир” сертификати хатми омӯзишӣ стандартҳои байналмилалии IFAAS супорида шуд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку