Дар доираи Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки 03-06 июли соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария мегузарад, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким бо Раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан вохӯрии судманд барпо карданд.
Дар суҳбати ҷонибҳо асосан густариши ҳамкориҳо дар самти баланд бардоштани тахассусияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария, махсус дар мавзуъҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, комплаенс таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Масъалаи дигари барои низоми бонкӣ муҳим – барпо кардани муносибатҳои муросилотии байни низоми бонкии Тоҷикистону Швейтсария ва дигар давлатҳои Аврупо мебошад, ки ҷонибҳо дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеа бахшидани онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуд. Инчунин номбурда мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишии муштараки Бонкҳои миллии Швейтсария ва Полша, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст, даъват намуд.
Дар фаровард, Ҳоким Холиқзода даъвати ҷаноби Томас Йорданро бо хушнудӣ пазируфта, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро баён дошт.
Дар мулоқоти мазкур инчунин вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов иштирок доштанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ