БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи муносибатҳои байналмилалӣ
I
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои
хориҷи наздик ва мамолики Араб - ( 1 ҷой )
Вазифаҳо:
· пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо сохторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғайра;
· ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
· ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
· ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
· таъмини тарҷума ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).
Талабот ба номзад:
· ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
· дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
· қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
· пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
· дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
· маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
· озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад.
II
мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур - ( 1 ҷой )
Вазифаҳо:
· пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғайра;
· ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
· ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
· ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
· таъмини тарҷума ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).
Талабот ба номзад:
· ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
· дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
· қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
· пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
· дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
· маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғайра;
· озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
· муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 22.07. 2022