Вазъи бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2022

Бойгонии ахбор
25.07.2022

Вазъи бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2022

Ҷамъбасти фаъолияти бозори суғурта дар нимсолаи якуми соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон санаи 21 июли соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва воҳидҳои сохтории БМТ доир гардид. Ҷаласаи ҷамъбастиро аз нимсолаи якуми соли 2022 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад гузаронд.

Зимни ифтитоҳ муовини раис Толибзода Фирдавс зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низоми суғурта дар таркиби дороиҳои низоми молиявӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд. Аз ҷумла, дороиҳои низом дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12,3 фоиз, сармояи умумӣ 17,3 фоиз, сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ 16,6 фоиз ва даромад аз онҳо 82,0 фоиз зиёд гардиданд. Пардохту ҷуброни суғуртавӣ бошад, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2021 30,4 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он 10,1 млн. сомониро ташкил додааст.

NBTL9560-1.jpg

“Бо вуҷуди ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ, ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, ки ҳамчун узви пайвастаи низоми молиявии кишвар дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузоранд. Ин амал дар навбати худ ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва дастовардҳои натиҷабахш мусоидат хоҳад кард”, - гуфт муовини раис Толибзода Фирдавс.

Дар рафти ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории ташкилотҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои қарзию молиявӣ ва фароҳам будани имкони васеъ дар бозори суғурта дода шуд. Зеро суғуртаи хизматрасониҳои бонкӣ ҳам ба сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва ҳам афзун шудани фаъолнокии ташкилотҳои суғуртавӣ мусоидат намуда, омили зиёд намудани талабот ва таклифотро ба маҳсулотҳои бонкию суғуртавӣ ба вуҷуд меорад, ки бештари онҳо бо соҳаи соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд.

NBTL9542-2.jpg

Дар идома, рӯнамо “Оид ба вазъи ҷории бозори суғуртаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2022” аз ҷониби сардори Идораи назорати суғуртавӣ Ҳусейнова Дилбар манзур гардонида шуд, ки ҳозиринро бо нишондиҳандаҳои асосии бозори суғурта шинос намуда, аз натиҷаҳо, вазифаҳо ва нақшаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2022 маълумот дод.

Пас аз муаррифии рӯнамоӣ иштирокдорон ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба имконот ва мушкилот дар рушди бозори суғурта ҳарф заданд.

Дар хотима, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти бозори суғуртаро дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷамъбаст намуда, ҷиҳати вазифагузорӣ барои давраи минбаъда баҳри расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи суғурта дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати роҳандозӣ намудани як қатор тадбирҳои саривақтиро аз қабили беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва устувор намудани вазъи молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ ба манфиати кор хонд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку