05.08.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
I
сармутахассиси шуъбаи танзим ва методологияи
ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- доштани дониши хуб дар соҳаи назарияи иқтисодӣ (макроиқтисодиёт), бахши молиявӣ-бонкӣ;
- доштани қобилияти баланд дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- доштани собиқаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот;
- малакаи кор дар компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) - ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.
II
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи танзим ва методологияи
ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- доштани қобилияти баланд дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- донистани қонунгузории соҳаи бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва методологияи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ ва идораи хавфҳо;
- донистани забони тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point);
- доштани маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди мукотибот бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ва молия.
III
сармутахассиси шуъбаи баррасии муроҷиатҳо ва назорати ташкилотҳои молиявии ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани собиқаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
- доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ–афзалият дорад);
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
- дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
- имконият доштан барои фиристода шудан ба сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
- муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
IV
Мутахассиси пешбари шуъбаи баррасии арзу шикоятҳо ва назорати ташкилотҳои молиявии ИҲҲИХМ (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани собиқаи кории на кам аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
- доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ–афзалият дорад);
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ афзалият дорад;
- дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
- имконият доштан барои фиристода шудан ба сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
- муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
V
сардори шуъбаи саводнокии молиявии
ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- на кам аз 3 сол собиқаи кори иқтисодӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти саводнокии молиявӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии иқтисодӣ бартарӣ дорад;
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ ва дигар;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
- таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи Стратегияи миллии маърифати молиявӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо;
- маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
- донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
VI
сармутахассиси шуъбаи саводнокии молиявии
ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии маркетинг/технологияи иттилоотӣ;
- фаҳмиши принсипҳои маркетинг;
- таҷриба дар вазифаи дахлдор на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи кор дар шабакаҳои ичтимоӣ ва гузоштани маводҳо дар сомонаи интернет;
- мунтазам паҳн намудани маводи дахлдор вобаста ба баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ҷиҳати пахши онҳо тавассути васоити ахбори омма (рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизиону радио ва ғайра);
- гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотӣ, ҷиҳати муайян намудани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;
- фаҳмидани мавзуъҳои саводнокии молиявӣ ва фарогирии молиявӣ;
- қобилияти афзалият додани вазифаҳо ва риоя кардани муҳлатҳо;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
- донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
VII
мутахассиси пешбари шуъбаи саводнокии молиявии
ИҲҲИХМ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олӣ - иқтисодӣ/журналистика;
- на камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ (бештар дар соҳаи журналистика);
- дониши кофӣ ва доштани маълумот оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва хизматрасониҳои молиявӣ;
- таҷриба дар гузаронидани тренингҳо (хусусан оид ба саводнокии молиявӣ);
- таҷрибаи кор бо аҳолӣ (гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ);
- қобилияти кор кардан дар лоиҳаҳо шарикони рушд;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
- донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- барои маълумот – тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 31.08.2022
Диданд: 2