09.08.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи суботи молиявӣ
I
мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлили суботи молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ- иқтисодӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар таҳлили хавфҳои бонкӣ;
- дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад)
- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point, visio)
II
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳлили суботи молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар низоми молиявӣ ва/ё бонкӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи назарияи иқтисодӣ ва бахши молиявӣ-бонкӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point, visio).
III
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва назорати барномаҳои
иқтисодӣ ва молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ- иқтисодӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
- қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
- қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point);
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмист (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.
IV
мутахассиси шуъбаи таҳия ва назорати барномаҳои иқтисодӣ ва
молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии молиявӣ- иқтисодӣ;
- қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (word, exсel, power point);
- доштани маҳорати касбӣ ва қобилияти таҳия намудани ҳисоботҳо;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
барои маълумот – тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 28.08.2022