БМТ: Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо

Бойгонии ахбор
16.08.2022

БМТ: Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо

15 августи соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” ҳамоиш доир гардид.

NBTL9850-2.JPG

Дар чорабинии мазкур, ки ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Ҳусейнзода, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Суруши Доробӣ, раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор ва кормандони ҷавони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба дастоварду муваффақиятҳои низоми бонкии мамлакат дар масири 30 соли соҳибистиқлолӣ ва саҳми бевоситаи ҷавонон дар ин самт суханронӣ ва табодули афкор намуданд.

NBTL9861-1.JPG

Аз ҷумла, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода қайд кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба тарбия, таълим ва ташаккули ҷавонон ва иштироки онҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус дар идоракунии корҳои давлатӣ мебошад.

“Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ пайваста ба насли ҷавон бо назари эътимоду боварӣ менигаранду таъкид мекунанд, ки ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”, - таъкид дошт У.Раҳимзода.

NBTL9843-3.JPG

Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласа намояндагии маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо пешниҳод ва овоздиҳии ҳайати кормандон сармутахассиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Раҳмонзода Фаромӯз Абдуҷаббор Раис ва мутахассиси Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Фурқатзода Мавзуна Фурқат муовини раиси намояндагии маҳаллии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон интихоб ва таъйин карда шуданд.

Ҳамзамон Раҳмонзода Фаромӯз Абдуҷаббор Раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар интиҳо аз ҷониби масъулин аҳли нишаст бо фаъолият ва вазифаҳои оинномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шинос карда шуданд.

Шуъбаи матбуот





Возврат к списку