Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бойгонии ахбор
01.09.2022

Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии маҷмуии бонк барои солҳои молиявии 2022, 2023 ва 2024 озмун эълон менамояд. Дар озмун ширкатҳои аудитории эътирофшуда метавонанд иштирок намоянд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 30 сентябри соли 2022 муқаррар шудааст.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии зерин ирсол намоянд:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1,
Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ,
тел.: +(992 44) 600 31 86, +(992 44) 600 32 84,
е-mail: bkholiqov@nbt.tj

Маълумоти асосӣ дар бораи хизматрасонӣ ва шароити кор дар Замимаи 1 баён шудааст.





Возврат к списку