Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2022 таҳти №120, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, ба ҶДММ “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур Идораи назорати суғуртавии БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдор ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти БМТ