Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Кафил”

Бойгонии ахбор
24.10.2022

Дар бораи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Кафил”

Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии Кафил”, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2022 таҳти №122, мутобиқи моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаи 14 (1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, иҷозатномаи ба ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Кафил”, ки 18 сентябри соли 2017, №115 барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буд, қатъ карда шуд.

Тибқи қарори мазкур Идораи назорати суғуртавии БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку