Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2022 таҳти №123, дар асоси қарори суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе аз 15 сентябри соли 2022 дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ нисбати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бейкер тилли Тоҷикистон” тибқи қисми 1 моддаи 511 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷаримаи пулӣ ва боздоштани амали иҷозатнома, мутобиқи моддаи 231 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иҷозатномаи ҶДММ “Бейкер тилли Тоҷикистон”, ки аз 4 марти соли 2021, №42 ҷиҳати амалисозии фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд, ба муҳлати шаш моҳ боздошти маъмурии амали он, бозхонд карда шуд.
Дар асоси қарори мазкур Идораи назорати суғуртавии БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдорро ворид намуда, иҷрои банди 1 қарори мазкурро оид ба бозхонди иҷозатнома, бо роҳи ба муҳлати боздошти маъмурии амали он бозпас гирифтани асли иҷозатнома таъмин намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ.