Фарогирии молиявӣ: Тамоюлоти ҷаҳонӣ, имкониятҳо ва таҷрибаҳои пешқадам

Бойгонии ахбор
27.10.2022

Фарогирии молиявӣ: Тамоюлоти ҷаҳонӣ, имкониятҳо ва таҷрибаҳои пешқадам

Рӯзҳои 20-21 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси солонаи низоми молиявии бонкии Тоҷикистон таҳти унвони “Фарогирии молиявӣ: Тамоюлоти ҷаҳонӣ, имкониятҳо ва таҷрибаҳои пешқадам” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои консалтингӣ, ҷомеаи тиҷоратӣ, соҳибкорон ва ВАО баргузор гардид.

01.JPG

Чорабинии мазкур бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ IFC, GIZ (Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER) роҳандозӣ гардид.

Зимни баргузории конфронс муовини Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори минтақавии БАТР дар Тоҷикистон, Қирғизистон, ва Туркманистон Айтен Рустамова, Директори Намояндагии GIZ дар Тоҷикистон Сабина Олтхоф, Роҳбари Намояндагии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарух Султонов ва дигар шарикони ҳамкор ширкат варзиданд. 

02.JPG

Дар оғози чорабинӣ дар назди иштирокдорони конфронс бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, раиси Шӯрои директорони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, раиси раёсати Бонки “Арванд” Шоира Содиқова, директори минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон Айтен Рустамова, директори намояндагии GIZ дар Тоҷикистон Сабина Олтхоф ва роҳбари Намояндагии IFC дар Тоҷикистон Фаррух Султонов баромад карданд.

Дар ҷараёни кори конфронс масъалаҳои муайян ва омӯхтани роҳҳои босамари татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар якҷоягӣ бо афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба бахши бонкии кишвар; баланд бардоштани огоҳӣ аз омилҳои экосистема, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди каналҳои интиқол ва гузариш ба “иқтисодиёти ғайринақдӣ”, ки дастрасии молиявии пурраро таъмин менамоянд; такмили равандҳои “маблағгузории сабз”, “бонкдории исломӣ”, муайян намудани камбудиҳо ва самтҳои ояндадор дар маблағгузории соҳибкории занон, ҷавонон ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ; таҳлили ҳолати омодагии бахши молиявию бонкӣ ба “таҳдидҳои беруна”, чораҳои зидибуҳронии андешидашаванда ва ғайра баррасӣ шуданд.

03.JPG

Сипас, дар ҷаласаҳои панелӣ оид ба масоили “Стратегияи дарозмуҳлати рушди соҳаи молиявӣ аз лиҳози фарогирии молиявӣ”, устувории низоми бонкӣ дар шароити “мушкили” муосир, идоракунии корпаративӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди устувори тиҷорат, рушди кормандон ва ҳалли маркетингӣ барои ташкилотҳои қарзӣ дар шароити “номуайянӣ” , тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳои рақамӣ ҳамчун намуди нав ба муассисаҳои молиявӣ муҳокима гардиданд. Дар ҷаласаҳои панелӣ рӯнамоҳои намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ширкатҳои сармоягузор, коршиносони сатҳи байналмилалӣ, ширкатҳои консалтингӣ ва бонкҳои Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар рӯзи дуюми кори конфронс ду ҷаласаи пленарӣ доир карда шуд, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои сиёсати сармоягузории бонкҳо дар замони “мушкил” ва имкониятҳои инноватсионию технологии тиҷорат дар самти фурӯши якчандтарафа ва хизматрасонӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, идоракунии буҳронӣ дар ташкилотҳои молиявӣ, маблағгузории “иқтисоди сабз”, васеъ намудани имкониятҳо барои беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ матраҳ гардиданд.

04.JPG

Ҳамчунин ба ташкилотҳои молиявӣ имкон дода шуд, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои худро, ки ба иҷрои стратегияи фарогирии молиявӣ равона шудаанд, пешниҳод намоянд. Дар ин раванд аз навигариҳои соҳа миёни ширкаткунандагони конфронс табодули афкор сурат гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ IFC маросими оғози расмии тадбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026- гузаронида шуд, ки дар он Шӯрои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Шуъбаи матбуоти

БМТ.


Возврат к списку