Ҳамкориҳои судманди БМТ ва БАТР идома ва тақвият хоҳанд ёфт

Бойгонии ахбор
26.10.2022

Ҳамкориҳои судманди БМТ ва БАТР идома ва тақвият хоҳанд ёфт

Вазъи феълии низоми бонкии кишвар дар соли 2022, татбиқи лоиҳаҳои ҷории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои ояндаи ҳамкорӣ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори иҷроияи БАТР дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва директори минтақавии БАТР дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова, ки 25 октябри соли равон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар вохӯрӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии бонк ширкат варзиданд.

01.jpg

Дар оғози мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳайати БАТР барои ҳамкории дуҷонибаи судманд ва дастгирӣ дар самтҳои гуногун, махсусан иқтисоди кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки таҳавулоти геосиёсӣ ба рушди иқтисоди ҷаҳон дигаргуниҳо ворид намуда, ба динамикаи рушди кишварҳои минтақаи мо таъсири манфӣ гузошт. Дар шароити чолишҳои глобалӣ ва минтақавӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо он рӯ ба рӯ аст, мо бояд бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем.

Номбурда таъкид бар он дошт, ки БАТР яке аз шарикони боэътимоди мо оид ба рушд ба шумор меравад ва аз замони оғози фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соли 1993 рост меояд, лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаҳои энергетика, инфросохтор ва бахусус бахшҳои молиявӣ амалӣ кардааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон саҳми БАТР-ро дар таҳкими  низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки БАТР бо бахши бонкии кишвар дар ташкили машғулиятҳои бозомӯзӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Мусаллам аст, ки рушди дониш ва таҷрибаи коршиносон тавассути чунин барномаҳои ҳамкорӣ барои вусъат ва пешрафти иқтисодии кишвар муҳим мебошад.

02.jpg

Ҳоким Холиқзода изҳор дошт, ки дар робита ба ин, мо ба ҳамкории созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар самти дастгирӣ дар барқарор кардани равобити мустақими муросилотии байни бонкҳои аврупоӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон омода ҳастем. Бо дарназардошти имкониятҳои истисноии БАТР, дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати бонки номбурда пешниҳод карда шуд, ки дар барқарор намудани робитаҳои мустақими муросилотии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон бо бонкҳои аврупоӣ ва кишварҳои минтақаи шарқӣ, аз қабили Ҷопон, Корея, Сингапур, инчунин бо мамлакатҳои араб саҳм гузорад. 

Директори иҷроияи БАТР дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай дар навбати худ аз пазироии гарму самимӣ, ҳамкориҳои пурсамари ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки новобаста аз вазъи номусоиди ҷаҳон ва фишорҳои мухталиф, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва бахусус низоми бонкӣ мусбат мебошанд. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки БАТР минбаъд низ ҳамкориҳои зич ва дуҷонибаи судмандро бо низоми бонкии Тоҷикистон идома хоҳад дод.

03.jpg

Хонум Жужанна Харгитай дар мавриди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар барои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои бонуфузи дунё омодагии худро баён намуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масоили низоми молиявии сабз, сатҳи таваррум, ҳамкорӣ ва дастгирии низоми суғуртаи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назари тарафайнро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо аз натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, якдигарро бовар кунониданд, ки муносибатҳои манфиатовари ҳарду ҷониб минбаъд низ инкишоф ва таҳким хоҳанд ёфт.


Шуъбаи матбуоти

БМТ


Возврат к списку