Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва боз ҳам беҳтар кардани рушди низоми бонкии кишвар 31 октябри соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки миллии Швейтсария таҳти сарварии роҳбари аъзои алтернативии раёсати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети мулоқоти судманд баргузор намуд.
Нахуст раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, маълумоти зарурӣ оид ба вазъи низоми бонкии ҷумҳурӣ манзур намуд ва сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро самаровар арзёбӣ намуд.
Қайд кардан бамаврид аст, - гуфт Холиқзода Ҳоким,- ки солҳои охир ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо ривоҷ ёфта истодаанд. Аз ҷумла, ба туфайли дастгирӣ ва ҳамкориҳои ташкилотҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, захираҳои обию барқӣ ва рушди созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маблағгузорӣ мешаванд. Мо ба давлати Швейтсария барои саҳми назаррас дар дастгирии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯроҳои Мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ миннатдорӣ баён менамоем.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки солҳои охир бинобар вазъи душвори геосиёсӣ ва бо назардошти афзоиши фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар кишвар, барқарор намудани робитаҳои мустақими муросилотӣ миёни ташкилотҳои қарзии ду кишвар муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин, диққати ҳайати Бонки миллии Швейтсария ба густариши ҳамкориҳо дар самти сиёсати пулию қарзӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурбӣ, кумаки техникӣ оид ба таҳия ва татбиқи системаи муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар БМТ ва баланд бардоштани тахассуси кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ҷалб карда шуданд.
Роҳбари ҳайати Бонки миллии Швейтсария Аттилио Заннети зимни суханронии худ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани онҳо дар оянда умедвории худро баён кард.
Мавсуф иброз дошт, ки мо ҳамкории худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон қадр мекунем, зеро масъулияти баланди вазифавӣ ва муносибати хуб аз ҷониби ҳамкорони тоҷик низ баръало эҳсос мегардад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои ҳамкории дуҷонибаи судманд шароити мусоид муҳайё шудааст ва ҷиҳати амалӣ гаштани он аз ҳарду ҷониб мутахассисони касбию кордон омодаи кор ҳастанд.
Аттилио Заннети, роҳбари аъзои алтернативии раёсати Бонки миллии Швейтсария дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои таварруми заминавӣ, низоми пардохт ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дахл намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд иброз намуд.
Дар поёни суҳбат ҷонибҳо бори дигар барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи судманд байни низомҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария омодагии хешро баён доштанд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ