15.11.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи таҳлили хавфҳо
Сармутахассиси шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ (хавфҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ);
- донистани стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо (COSO ERM, ISO 31000 (Risk Management Guidelines));
- доштани собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
- маҳорати баланди кор дар компютер, донистани ҳатмии Ms Office (Excel, Word ва Power Point);
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва забони англисӣ -ҳатмӣ.
Мутахассиси дараҷаи I –и шуъбаи таҳлили хавфҳо (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот:
(44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
то 5 декабри с.2022