Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
16.11.2022

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон

Ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи кишвар - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали раиси БМТ Толибзода Фирдавс Назримад, муовинони раис ва аҳли кормандони бонк маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

01-min.JPG

     Дар оғози ҳамоиши хотирмон муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс суханронӣ намуда, ҳозиринро ба санаҳои барои халқу миллати тоҷик сарнавиштсоз ва муҳим таҳният гуфта, иброз дошт, ки 30 сол муқаддам, яъне аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки барои пойдорию устувории дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва минбаъд ба сифати давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию ягона боқӣ мондан ва тараққӣ намудани кишвари мо заминаи мусоид фароҳам овард.

Номбурда диққати аҳли нишастро ба он равона кард, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва тақдири давлату миллатро ба даст гирифта, то ба имрӯз бо камоли масъулияту кордонӣ моро ба фатҳи қуллаҳои нави давлатдории миллӣ ҳидоят мекунад.

02-min.JPG

Таъкид  карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ маҳз санаи 16 ноябр Рӯзи Президент эълон гардидан сабабҳои худро дорад, зеро асосан аз ҳамин рӯз марҳилаи нави давлатдории миллӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти тозаинтихоб оғоз гардидааст. Яке аз омилҳои дигари Рӯзи Президент қабул гардидани 16 ноябр эҳтирому эътирофи сиёсати давлатдории нави кишвар, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати мардум, афзудани обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ин ҳама ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандӣ дорад.

Рӯзи Президент дар Тоҷикистони ҷавону аз нав эҳёшуда, - гуфт Толибзода Фирдавс, - дар кишвари мо бо кору пайкор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии бевосита дорад. Зеро, Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари давлат интихоб шудан, пеш аз ҳама, барои муттаҳид сохтани мардум ва бедор кардани шуълаи умед дар дили пиру ҷавон ба ояндаи дурахшон, сулҳу осоиши комил, рушду суботи минбаъдаи кишвар талош намуданд.

03-min.JPG

Шоистаи таъкид аст, ки мардуми ҳақшиноси Тоҷикистон хизматҳои шоистаи Сарвари худро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати мардум ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” сазовор донист.

Дар чорабинии ҷашнӣ сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Султон Ҳасан суханронӣ намуда, чунин иброз дошт: “Дар баланд бардоштани фарҳанги миллии мардуми кишвар махсусан ҷавонон талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизам”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва иқдомҳои дигари маданию маърифатӣ ба хотири сайқал додани сатҳи маърифату китобхонӣ ва ватандӯстии ҷавонон гувоҳи қадрдонӣ ва муҳаббату самимияти Президенти кишвар ба китобу китобхонӣ ва донишомӯзии ҷавонон мебошад”.

04-min.JPG

Дар идомаи маҷлис роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид бар он намуданд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми арсаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат, муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби пули миллии сомонӣ гардид, ки ҳоло яке аз пулҳои устувори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор рафта, дар минтақаи гардиши худ мақому эътибори арзанда дорад.

05-min.JPG

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар аҳли нишастро бо фарорасии ҷашнҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки ҳамаи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.

Шуъбаи матбуоти

БМТ



Возврат к списку