Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
24.11.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб 

 ҳуқуқшиноси шуъбаи назорати бонкӣ (шартномавӣ 1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ
  • Собиқаи кори ҳуқуқӣ афзалият дорад
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ
  • Таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point)
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14 декабри с.2022


Возврат к списку