Ба ҶДММ “ ДС Суғурта” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
28.11.2022

Ба ҶДММ “ ДС Суғурта” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2022 таҳти №135, мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, ба ҶДММ “ДС Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур Идораи назорати суғуртавии БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.



Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку