14 декабри соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР лоиҳаи фарогирии молиявии гендериро оғоз намуданд, ки он тавассути баимзорасонии Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Дастгирии узвияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Алянс барои фарогирии молиявӣ” (АФМ) сурат гирифт.
Баимзорасонии Созишномаи мазкур ба фарогирии бештари молиявӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мутобиқи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” заминаи мусоид фароҳам меорад.
Илова бар ин, дар доираи барномаи зикршуда гузаронидани як қатор чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдом барои татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус инчунин бо ӯҳдадориҳои Бонки миллӣ тибқи Нақшаи Амали Денарауи Алянс барои фарогирии молиявӣ мувофиқат мекунад, ки ин ҳуҷҷат ба кишварҳои аъзо барои дар доираи фаъолияти танзимгарони бахши молиявӣ ва сиёсатмадорони худ андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар самти фарогирии молиявӣ роҳнамоӣ менамояд.
АФМ дар доираи ин лоиҳа шарики техникӣ хоҳад буд ва барои бартарият додани рӯзномаи фарогирии молиявии гендерӣ таҷрибаи техникӣ ва дастгирии методиро таъмин мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Алянс барои фарогирии молиявӣ ба шумор рафта, фаъолияти АФМ ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона карда шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ