Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2022, №146 бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк.), дар асоси моддаи 14.1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, амали иҷозатномаи MoneyGram Payment Systems, Inc., ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ки 30 августи соли 2019, №110 дода шудааст, қатъ гардид.
Ҳамзамон, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БЭСТ”, дар асоси моддаи 14.1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2022, №147 амали иҷозатномаи ҷамъияти мазкур, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз аз 30 августи соли 2019, №109 дода шудааст, қатъ карда шуд.
Дар асоси қарорҳои мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ