ЭЪЛОН! Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!

Бойгонии ахбор
30.12.2022

ЭЪЛОН! Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!

Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ!

Даъватномаи иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум.

Бонки миллии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, тел: (44) 600 31 45, довталабони салоҳиятдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гузаронидани пурсиши навбатӣ бо аҳолии кишвар оид ба интизориҳои таваррум даъват менамояд (E-mail: fsalimov@nbt.tj).

1. Довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи дар боло зикргардида муроҷиат намоянд.

2. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ: 20.01.2023

Эзоҳ: Инчунин эълони мазкур дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон (www.nbt.tj) ҷойгир карда шудааст.

Вазифаҳои техникӣ

- Шумораи респондентон на кам аз 1500 нафар, интихоби тасодуфӣ, фарогирии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, дар як сол чор маротиба, ҳар семоҳа;

- Усули пурсиш: тариқи телефонӣ;

- Мизоҷони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ пурсида шаванд;

- Шумораи занон ва мардон баробар бошанд ва фосилаи синну сол чунин гурӯҳбанди карда шавад: 18-25; 26-40; 41-65; 66+;

- Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот баъд аз анҷоми пурсиш дар формати SPSS ва Excel инчунин ҳисоботи таҳлилӣ формати Word ва Power Point. 

- Саволномаи пурсиш дар рафти гузаронидани тендер пешниҳод мегардад.


Возврат к списку