Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, таҳти №151 мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 7, 10 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 7 октябри соли 2019, таҳти №0000106, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019, таҳти №123 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ аз эътибор соқит дониста шуд.
Вобаста ба ин, департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдорро ворид намоянд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ