Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ

Бойгонии ахбор
06.01.2023

Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022, №139 “Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ” тасдиқ (23 декабри соли 2022, №1260 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд) гардид. Ҳуҷҷати номбурда ташкилотҳои суғуртавиро водор месозад, ки ҳангоми бозхонди иҷозатнома, риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта, азнавташкилкунӣ ё барҳамдиҳӣ, ихтиёран рад кардани амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ва асосҳои дигар муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқии мазкурро риоя намоянд.

Дар раванди қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ иҷрои муқаррароти Талаботи мазкур барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки “Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 29 декабри соли 2022, таҳти №250-251 (24 610) нашр гардида, қувваи қонунӣ пайдо намуд ва матни пурраи он дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj ҷойгир карда шуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку