Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2023, таҳти №2 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр” (ҶДММ), ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия таъсис ёфта, амал менамояд, барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ