Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
12.01.2023

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи ҳуқуқ
I
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • Қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • Маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).

 II
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи умури ҳуқуқии идораи ҳуқуқ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва дигар;
  • Қобилияти таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • Маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Таҷрибаи кори таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ.
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
Телефон барои маълумот: (44) 600-31-38,
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 30 январи с.2023

Возврат к списку