Омӯзиши ҳамаҷонибаи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар ҷаласаи роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки 19 январи соли 2023 таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамо ва дастури беназир барои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба шумор меравад.
Тавре номбурда қайд намуд, омӯзиши нуктаҳои асосии Паём нишон медиҳанд, ки ҳамаи онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободию осудагии кишвар равона шудаанд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда масъалаҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозор, зиёд намудани содироти маҳсулот, ташаккули иқтисоди сабз, суръатбахшии рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас номбар карда шудаанд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат махсус қайд карданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва рақобат барои дастрасӣ ба захираҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бояд ҳамаи воситаҳои фаъолгардонии сармоягузорӣ истифода шавад.
Дар Паёми навбатӣ, - гуфт дар идомаи суханронии худ Ф.Толибзода, - чун солҳои пешин ба масъалаҳои низоми бонкии мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин, таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат барои сокинони кишвар барномаи раҳнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат буда, ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар равона шудааст ва онро метавон Паёми раҳнамунсоз баҳри созандагию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ унвон кард.
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти бонк Султон Ҳасан Баротзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, ба масъалаи низоми бонкии мамлакат низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Таъкид карда шуд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.
Тавре Пешвои миллат дар Паём изҳор доштанд, соли 2022 барои Тоҷикистон дар маҷмуъ соли бобарор буд, зеро дар давоми ин сол мардуми кишвар содиқона заҳмат кашида, барои ободию пешрафти мамлакат, таъмини рушди устувори он ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.
Дар шароити пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва бонкӣ, рушди бахши молиявӣ низ аҳаммияти зиёд дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки моро ба фаъолияти садоқатмандона ба хотири роҳандозии он даъват мекунад ва дар амал татбиқ шудани муқаррароти ҳуҷҷати мазкур ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷаласа мутахассиси пешбари идораи ҳуқуқ Имомов Муҳаммадалӣ баромад намуда, гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи қонун тасдиқ намудани заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асосҳои ҳуқуқии ватандорию ватандӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон” таҳия ва санаи 24 декабри соли 2022, таҳти №1920 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Қонун ба хотири тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмат ба Ватан, ифтихор аз гузашта ва саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию ҷоннисорӣ, саъю кӯшиш барои ободию фардои дурахшони кишвар таҳия гардида, аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки дар асоси меъёрҳои он рисолати шаҳрвандӣ, қадри фарзандӣ ва масъулияти ватандории худро содиқонаву сарбаландона иҷро намоем.
Мо, ҷавонон, - гуфт Имомов Муҳаммадалӣ, - бояд ҳуввияти миллии худро беш аз пеш дарк намоем, дар ҳифзи ватану халқу миллат ҳамеша чашми бедор дошта бошем ва бо ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Дар бахши ҷамъбастии ҷаласа муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аҳли нишастро даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда ва муқаррароти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ифодаёфта, тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Ҳамчунин, номбурда таъкид намуд, ки тавре дар Паём омадааст: “Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.
Шуъбаи матбуоти БМТ