Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023

Бойгонии ахбор
13.01.2023

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023

12 январи соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзода, роҳбарони Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Бюрои таърихи қарзӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

NBTL5416-1.JPG

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии низоми бонкии мамлакат миннатдории самимии худро изҳор намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари низоми бонкӣ дар соли 2022 устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то 115,7 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он ба 8,0 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор дошта, 4,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ кам мебошад. 

Номбурда иброз дошт, ки дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта қурби пули миллӣ нисбати асъорҳои озод табдилшаванда ва шарикони савдо устувор гардид. Тибқи ҳисобҳои эмпирикӣ дар давоми соли 2022 (декабр нисбат ба апрел) устуворшавии қурби расмии пули миллӣ нисбати асъорҳои озод табдилшаванда яке аз омилҳои асосии пешгирикунандаи сатҳи таваррум ба ҳисоб рафта, имкон фароҳам овард, ки сатҳи таваррум коҳиш дода шавад. 

NBTL5494-2.JPG

Меъёри бозтамвил бошад, ҳамчун фишанги калидӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ бо назардошти дар сатҳи ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум, аз 1 ноябри соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар гардид.

Ҳоким Холиқзода афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии ваколатдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 

NBTL5484-3.JPG

Дар натиҷаи ҳамкориҳои самаровар аз 30 августи соли 2021 то 31 декабри соли 2022 ҳаҷми умумии маблағҳои қонунигардонидашуда 2,3 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла 501 млн. сомонӣ ба сифати пасандозҳои муҳлатнок, 905 млн. сомонӣ ба сифати сармоягузорӣ ва 930 млн. сомонӣ аз мубодилаи асъори хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ташкилотҳои қарзии ваколатдор авф карда шудаанд.

Дар раванди ҷаласа роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (директори департаменти назорати бонкӣ Абдуллоев Зафар, сардори идораи суботи молиявӣ Қурбоналиева Нигина, муовини директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Бояков Зиёратшо, директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳалим, сардори идораи низоми пардохт Салоҳиддинов Шуҳрат ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Муродалиев Далер) бо рӯнамоиҳои муфассал дар мавзӯъҳои вазъи низоми бонкӣ дар соли 2022, устувории суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ МПСҚО, ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2022, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт ва муроҷиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Сипас, Ҳоким Холиқзода оид ба таъмини иҷрои вазифаҳои барои соли 2022 гузошташуда, аз қабили ҷалби амонатҳо, таъмини эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам намудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, зудтар фурӯхтани молу мулки ба гарав гузошташуда, андешидани тадбирҳо барои ҷалби бештари сармоягузориҳо ва мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои нишондиҳандаҳои Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026-ро бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ муҳокима намуда, оид ба ҳолати иҷрои вазифаҳои додашуда ва бандҳои Стратегия ва нақшаҳои кории ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз онҳо посух гирифтанд. 

NBTL5436-4.JPG

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло зимни суханрониаш қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикору дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими низоми бонкии кишвар чораҳои назаррас андешида шуда, татбиқи тадбирҳои дахлдори марбут ба соҳа идома доранд.

Аз ҳисоботу таҳлилҳои матраҳгардида муайян гардид, ки дар соли 2022, бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта ва таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бинобар ин сабабҳо – ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳо дар фаъолияти иқтисодию молиявӣ ва савдои беруна, аз ҷониби низоми бонкӣ фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шуд. 

Дар натиҷа сатҳи начандон баланди тавварум ва устувории қурби пулли милӣ нигоҳ дошта шуда, пасандозҳо дар низом зиёд гардиданд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд.

NBTL5443-5.JPG

Хотирнишон менамоям, - гуфт дар идомаи суханронӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, - вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад: “Ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад”.

Зимни ҷамъбасти кори ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ташкилотҳои қарзии кишвар даъват ба амал овард, ки барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир, хубтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, инчунин зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла ба бахшҳои истеҳсолӣ чораҳои таъхирнопазир андешида, ҷиҳати ҳавасмандгардонии амонатгузорон ва пасандозгузорон, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, иҷрои саривақтии Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ ва шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, пурра аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ дар самти амалиёти мубодилавӣ, сари вақт таъмин намудани дархости муштариён бо асъори хориҷӣ, иҷроиши саривақтии талаботи дастурамалҳо ва дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти амалиёти асъорӣ, баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст ва ғайра чораҳои таъхирнопазир андешида, дар сиёсати қарздиҳии худ барои бо маблағҳои қарзӣ таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, бахусус соҳибкории хурду миёна ва истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошанд, аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку