Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2023 таҳти №5, мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва банди 23 Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тад Дюти Фри», барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ