Ташрифи расмии ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
10.02.2023

Ташрифи расмии ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 6 то 10-уми феврали соли 2023 ташрифи расмии ҳайати департаменти ҳуқуқии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) бо мақсади мукаммал намудани низоми қонунгузории кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) сурат гирифт.

Боиси зикр аст, ки дар доираи кӯмаки техникии ХБА коршиносони байналмилалӣ якҷо бо мақомоти марбутаи кишвар ҷиҳати иҷроиши бандҳои дахлдори Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО корбарӣ намуда истодаанд.

NBTL5980.JPG

Бо дастгирии коршиносони зикршуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” дар таҳрири нав таҳия гардида, санаи 18 январи соли 2023 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид.

Дар назар дошта шудааст, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни болозикр, тағйироту иловаҳо дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бояд ворид карда шаванд.

Бо ин мақсад, дар Бонки миллии Тоҷикистон коршиносони ХБА бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори бонк ва мақомоти дахлдори кишвар аз қабили вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вохӯриҳо анҷом доданд.

IMG-20230209-WA0069.jpg

Дар ҷараёни вохӯриҳои коршиносони байналмилалӣ бо намояндагони вазорату идораҳои кишвар дар баробари такмили қонунгузорӣ, масъалаи пурзӯр намудани назорати самти МҚД/МТ/МПСҚО дар ҷумҳурӣ, инчунин риояи талаботҳои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуданд.

Ҳамзамон бо ин, дар доираи ин кумаки техникӣ баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ҚД/МТ) дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавии кишвар амалӣ шуда истодааст. Барои муайян намудани хавфҳои ҚД/МТ дар ин самт, инчунин хавфҳои ошкоршуда дар ниҳодҳои зикршуда ва ё таҳдидҳои арзёбишудаи ҚД/МТ якҷо бо намояндагони мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ карда шуданд.

То анҷомёбии кумаки техникии ХБА табодули маълумот ва мувофиқанамоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО идома меёбад.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку