Муҳлати амали иҷозатномаи КВД “Тоҷиксуғурта” тамдид карда шуд

Бойгонии ахбор
13.03.2023

Муҳлати амали иҷозатномаи КВД “Тоҷиксуғурта” тамдид карда шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, таҳти №28 бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”, дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобоҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба КВД “Тоҷиксуғурта” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи КВД “Тоҷиксуғурта”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2021, таҳти №112 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку