Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъулини вазоратҳои соҳавӣ ва низоми бонкии кишвар иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузор намудани Анҷумани зикргардида аз таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба воситаи ташкили муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ, низоми бонкӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак иборат буд.
Дар ҳошияи анҷуман Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин раванди рақамикунонӣ дар низоми бонкии кишвар дар мавзуҳои “Рақамикунонии бахши молия ва ҷорикунии технологияҳои нави молиявӣ дар Тоҷикистон” ва “Имкониятҳои сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди Тоҷикистон” баромад намуд.
Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз гузариш ба рақамикунонӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ ба шумор рафта, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгар дар рушди технологияҳои рақамии молиявии кишвар нақши махсусро иҷро мекунад.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки бо назардошти имкониятҳои сармоягузорӣ ва пешниҳоди кафолатҳои давлатӣ барои сармоягузориҳои хориҷӣ, аз сармоядорони Британияи Кабир даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати оғоз намудани сармоягузориҳои эҳтимолӣ дар оянда, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзанд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ ва дарёфти имкониятҳои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ роҳбарони КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон", ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП Бонки “Арванд” низ дар чорабинии зикргардида ширкат варзиданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни вохӯриҳо бо бонкҳои ICBC Standard Bank Plc ва Citibank UK ҳайати низоми бонкии кишвар дар мавриди ҳарчи зудтар вусъат додани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии тарафҳо, изҳори омодагӣ намуданд.
Дар доираи Анҷумани мазкур масъулини КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" бо ширкати International Compliance Association (ICA) Ёддошти тафоҳум барои баланд бардоштани тахассуси комплеанси кормандон ва ҶСП Бонки “Арванд” бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) барои ҷалби кумаки техникӣ созишнома ба имзо расониданд.
Қобили қайд аст, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодии ҷаҳон ва минтақа баргузор намудани Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон иқдоми саривақтӣ буда, ҷиҳати мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир заминаи устувор мегузорад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ