Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо ҷаноби Марк Боуман

Бойгонии ахбор
27.04.2023

Вохӯрии Ҳоким Холиқзода бо ҷаноби Марк Боуман

26 апрели соли 2023 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби Президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ ҷаноби Марк Боуман баргузор гардид, ки дар он идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрии болозикр мудири иҷроияи БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, сардори бахши молияи марбут ба ноиби Президенти БАТР хонум Инна Яббарова ва бонкдори департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов ширкат варзиданд. 

NBTL7892.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди дастгириҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, ноиби Президенти БАТР ҷаноби Марк Боуман зимни мулоқот аз ҳамкориҳои судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз идома ёфтани вазъи ноороми геосиёсии ҷаҳон, ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ нисбати баъзе давлатҳои шарики савдо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ мусбат арзёбӣ гардида, тайи соли гузашта ва чанд моҳи соли равон ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд.

- “Мо дастгирӣ ва кумаки шарикони рушдро дар роҳандозии муколама миёни ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо дар самти тавсеаи рушди ҳамкориҳои муросилотӣ бо бонкҳои бонуфузи Иттиҳоди номбурдаро муҳим мешуморем. Ҳамчунин, аз мусоидати БАТР ҷиҳати пешниҳоди тавсияҳо дар ин самт шод хоҳем шуд”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

NBTL7865.JPG

Ҷаноби Марк Боуман ҳавасмандии БАТР-ро ҷиҳати иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои иқтисоди сабз дар доираи Шабакаҳои бонкҳои марказӣ ва нозирон оид ба сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS) изҳор намуд .

Солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои молиявии рақамиро фаъолона амалӣ намуда истодааст. Дар робита ба ин, бо дарназардошти равобити муқарраршудаи БАТР ва Корея роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидати БАТР-ро дар татбиқи лоиҳаҳои ба нақшагирифташудаи БМТ бо низоми миллии пардохти Корея KFTC дархост намуд.

Тавре таъкид гардид, БАТР минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ҷиҳати тавсеаи рушди низоми бонкӣ, ки аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, идома хоҳад дод. 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо муҳиммияти ҷалби кумакҳои техникии БАТР-ро барои таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, муайяннамоӣ, идоракунӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, сиёсати пулию қарзӣ ва татбиқи воситаҳои пулию қарзӣ, рушди бозори молиявӣ, инкишофи бахши молиявӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, таҳкими низоми комплаенс, баланд бардоштани иқтидори назорати суғурта дар бахши омори молиявӣ ва таҳлили бозори суғурта ва таҳияву татбиқи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои самарабахш изҳор намуданд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку