Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта” иҷозатнома дода шуд

Бойгонии ахбор
02.05.2023

Ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта” иҷозатнома дода шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, таҳти №43 мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Эсхата Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯйи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод шуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку