Дар бораи қатъ намудани амали фаъолияти иҷозатномаи ҶДММ “Интер аудит правда”

Бойгонии ахбор
02.05.2023

Дар бораи қатъ намудани амали фаъолияти иҷозатномаи ҶДММ “Интер аудит правда”

Мутобиқи моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Интер аудит правда” оид ба ихтиёран даст кашидан аз машғулшавӣ ба фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, амали Иҷозатномаи ҶДММ “Интер аудит правда”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021, №198 барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ дода шудааст, қатъ карда шуд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку