БМТ: Вохӯрӣ бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия

Бойгонии ахбор
05.05.2023

БМТ: Вохӯрӣ бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия

5 майи соли 2023 вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо соҳибкорон ва намояндагони Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия таҳти роҳбарии Президенти палатаи мазкур хонум Кристина Ти баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар оғози мулоқот Фирдавс Толибзода ташрифи меҳмононро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар чунин як шароити душвор барои кишварҳои минтақа, соҳибкорони Малайзия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

NBTL8108.JPG

Сипас, номбурда аҳли нишастро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, қайд кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рушд намуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии он аз оғози сол ба таври мусбат ҷамъбаст гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия хонум Кристина Ти ва соҳибкорони кишвари мазкур ба масъалаҳои амалӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ, кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои молиявӣ, рушди соҳаи суғурта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро баён карданд.

Аз ҷумла, роҳбари ҳайати меҳмонон иброз дошт, ки омодааст дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд саҳми худро гузорад. 

NBTL8090.JPG

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ширкати сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва дар робита ба ин, доираҳои тиҷоратии Малайзияро ҷиҳати баррасии имкониятҳои иштирок дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон даъват намуд. 

Дар интиҳои мулоқот мавсуф бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои боз ҳам инкишоф ёфтани низоми молиявии ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку