ҶДММ ТАҚХ “Баракат молия” соҳиби иҷозатнома шуд

Бойгонии ахбор
06.05.2023

ҶДММ ТАҚХ “Баракат молия” соҳиби иҷозатнома шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2023, таҳти №47 мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Баракат молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ

Возврат к списку