Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”

Бойгонии ахбор
15.05.2023

Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №54, аз 12 майи соли 2023 дархости ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.

Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 октябри соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2012, №230 дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.

Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Ҳамзамон, комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор карда шуд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку