Ҷамъбасти “Моҳи саводнокии молиявӣ” дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
05.06.2023

Ҷамъбасти “Моҳи саводнокии молиявӣ” дар Тоҷикистон

Дар доираи маъракаи байналмилалии Global Money Week-2023 Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз 1 то 30 апрели соли 2023 дар ҷумҳурӣ моҳи саводнокии молиявиро баргузор намуд.

Дар ҷараёни маъракаи мазкур аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар саросари кишвар 263 семинари омӯзишӣ ва рӯнамою озмунҳо доир гардида, 9 130 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимию донишҷӯён ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб ва бо маводҳои иттилоотӣ дар мавзӯи саводнокии молиявӣ таъмин карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маъракаи байналмилалии Global Money Week-2023 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд миёни кӯдакон ва наврасон озмунҳои “Расми беҳтарин оид ба саводнокии молиявӣ”, “Қуттичаи пули беҳтарин” ва “Видеонавори беҳтарин оид ба саводнокии молиявӣ” гузаронида шуд, ки дар он беш аз 100 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзиданд. 

Дар номинаи “Расми беҳтарин оид ба саводнокии молиявӣ” ҷойи 1-умро Тошева Аниса, хонандаи синфи 3-и литсей интернати “Ҳотам ва П.В.”, ҷойи 2-юмро Сафия Негматова, хонандаи синфи 3-и литсейи инноватсионии ш.Душанбе ва ҷойи 3-юмро Муслима Бузургхонова, хонандаи синфи 3-и МТМУ ба номи А.П.Чехов ишғол намуданд.

Дар номинаи “Қуттичаи пули беҳтарин” бошад, ҷойи 1-ум ба Джонаттан Шарифӣ, хонандаи синфи 6-и литсей барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе, ҷойи 2-юм ба Ариана Парвизӣ, хонандаи синфи 7-и литсейи инноватсионии ш.Душанбе ва ҷойи 3-юм насиби Абдулло Мирзоев, хонандаи синфи 6-и МТМУ №30 ш. Душанбе гардид.

Дар номинаи “Видеонавори беҳтарин оид ба саводнокии молиявӣ” ҷойи 1-умро Абдураҳим Давронов, хонандаи синфи 9-и МТМУ №8 ш.Душанбе ва ҷойи 2-юмро Фаррух Қурбонов, хонандаи синфи 9-и МТМУ №8 ш. Душанбе ишғол намуданд.

Аз ҷониби шарикони рушд ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла ноутбук, смарт-соат, планшет, интернет-роутер, сертификат барои аксгирӣ ва омӯзиши барномасозӣ, бастаи интернетӣ, қуттичаи пулӣ ва ғайра сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, эълони баргузории озмунҳо дар бахши “Саводнокии молиявӣ”-и саҳифаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷойгир шуда буд, ки ба он беш аз 1 000 000 нафар истифодабарандагони таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку