Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 майи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ”-ро, ки аз 3 қисм, “Ярмаркаи маҳсулоти бонкӣ”, “Форуми саводнокии молиявӣ” ва чорабинии фарҳангӣ иборат буд, доир намуд.
Чорабиниро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳадафи асосии он васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад.
Мавсуф зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти босамари он ва ба ин васила таҳким бахшидани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии мамлакат нақши муҳим дорад.
Дар ин замина, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бозори молиявӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тавассути таҳия ва дар амал татбиқ намудани стратегия ва барномаҳои давлативу дохилибонкӣ мунтазам тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардидани Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки чор самти асосиро дар бар гирифта, яке аз самтҳои муҳими он саводнокии молиявӣ мебошад, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур барои таъмини рушди устувори бахши молиявӣ, боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки онҳо дар рушди сармояи инсонӣ ва иқтисоди миллӣ муҳим мебошад.
Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо чораҷӯӣ намояд.
“Дар робита ба ин, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва самарабахши ҳадафҳои пешбининамудаи стратегияи болозикр ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, дар самти баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва шарикони рушд корҳои муайянеро амалӣ намуда истодааст, ки баргузории чорабинии мазкур гувоҳи ин гуфтаҳост”, - таъкид дошт Гулбаҳор Назирӣ.
Сипас, мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуҳои “Гузариш ба QR-рамзи ягона”, “Саводнокии молиявӣ ҳамчун асоси даромаднокии тиҷорат”, “Муҳимияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ”, “Зеҳни сунъӣ дар низоми бонкӣ”, “Баланд бардоштани рақобатпазирии бонкҳо дар давраи стартапҳо”, “Таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба рафтори молиявӣ”, “Нақши ташкилотҳои молиявии қарзӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми молиявӣ” ва “Инкишофи QR пардохтҳо” бо рунамоҳои муфассал баромад намуданд.
Чорабиниро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳусни анҷом бахшида, изҳори боварӣ намуд, ки форуми мазкур ва чорабиниҳое, ки дар доираи “Моҳи саводнокии молиявӣ” то имрӯз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар байни аҳолӣ амалӣ карда шуданд, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи болозикр такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар қисмати ҷамъбастӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он аҳли фарҳанг бо санъати волои худ табъи иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ