7 июни соли 2023 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир бо ҳайати Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини сардори раёсати рушди бахши хусусӣ ҷаноби Кристиан Брендли, роҳбари барномаи SECO дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шанин Валтс ва корманди асосии барномаи рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Малика Иброҳимова мулоқоти корӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ба Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) барои ҳамкориҳои бисёрсола ва самарабахш арзи сипос намуда, қайд кард, ки таҷрибаи ҳамкориҳои бисёрсола ва дастгирии кумаки техникии Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон дод, ки дар бахши молиявии мамлакат як қатор ислоҳоти муҳимро ҷорӣ намояд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаҳои SECO дар баробари дастгирии лоиҳаҳои зиддибуҳронӣ, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкӣ дар самти сиёсати макропруденсиалӣ, танзим ва назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзиро таҳия ва татбиқ намуд, ки ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва қабули он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо маҳсуб меёбад.
Сипас, Гулбаҳор Назирӣ меҳмононро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, қайд кард, ки новобаста аз вазъи мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ тамоюли пастшавии сатҳи таваррум идома дошта, 2,3 фоиз ва таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи апрели соли 2023 3,4 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ камтар аст. Афзоиши воқеии ММД бошад, дар ин давра ба 8,0 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ба ҳолати 30 апрели соли 2023 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 64 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 26 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд, ки дороиҳои онҳо ба ҳолати 30 апрели соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 26.1 фоиз зиёд шуда, бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ 19,3 фоиз зиёд шуд. Ҳаҷми амонатҳо бошад, маблағи 16 265,2 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 4 770,0 млн. сомонӣ ё 41,5 фоиз афзоиш ёфт.
“Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар моҳҳои январ-аперели соли 2023 дар сатҳи рушди устувор қарор доранд”, - қайд кард Гулбаҳор Назирӣ.
Муовини сардори раёсати рушди бахши хусусӣ ҷаноби Кристиан Брендли дар навбати худ аз сатҳу сифати ҳамкории тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, пешравиҳои назарраси Бонки миллии Тоҷикистонро дар самти таҳкими устувории бахши молиявӣ ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ хуш истиқбол намуд.
Инчунин, мавсуф қабули Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро қадами устувор дар рушди бахши молиявии кишвар ҳисобида, иброз дошт, ки барои дар амал татбиқ намудани чаҳор самти асосӣ, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасонии молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявӣ ҳамкориҳо вусъат дода хоҳанд шуд.
Дар фарҷом Гулбаҳор Назирӣ бори дигар ба Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) ҷиҳати дастгирии пайвастаи бахши молиявии мамлакат арзи сипос намуда, қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахшро оид ба татбиқи минбаъдаи сиёсати ислоҳоти бахши низоми бонкӣ идома диҳад.
Шуъбаи матбуоти
БМТ