14.06.2023
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва
ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
II
Аудитори дараҷаи II - шуъбаи ташкил ва
ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
III
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи аудити молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
-
донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
-
маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
-
донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
-
доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
-
доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
-
малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 3 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
-
Телефон барои маълумот: (44) 600-32-11,
-
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 4 июли с.2023