Рӯзи 9 июни соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ифтитоҳи расмии Маркази минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба рушди иқтидори кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон доир гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ширкат варзид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди иқтидори иқтисодии нуҳ кишвар - Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон буда, ба ҷуз аз Ҷумҳурии Қазоқистон, кишварҳои Ӯзбекистон ва Гурҷистон ҷойгир намудани маркази мазкурро дар ҳудуди кишварашон дархост карда буданд ва моҳи октябри соли 2019 ХБА тасмим гирифт, ки он дар шаҳри Алмаато ифтитоҳ карда шавад.
Маркази минтақавӣ дар Алмаато 17-умин Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА ба ҳисоб меравад ва бино ба иттилои раиси шаҳри Алмаато Ерболат Досаев таъсиси он ба табодули таҷриба миёни кишварҳои ширкаткунанда, афзоиши иқтидори иқтисодӣ ва суботи молиявии тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни суханронӣ дар ҷаласаи 4-уми “Ҳамкории ХБА бо кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон оид ба рушди иқтидор” намояндагони ХБА ва мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистонро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур таҳният гуфта, қайд кард, ки ин санаро метавон санаи таърихӣ номид. Зеро он дар таърихи ҳамкории мутақобилаи ХБА ва кишварҳои минтақа марҳалаи нави ҳамкориро оғоз мебахшад.
Ҳоким Холиқзода ҳамзамон зикр намуд, ки новобаста ба хуруҷи бемории сироятии COVID-19, аз соли 2021 то ба имрӯз Маркази минтақавӣ ба таври фосилавӣ фаъолият дошт ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, мизҳои мудаввар ва муҳокимаҳои ташкилнамудаи он фаъолона ширкат варзиданд. Зеро чорабиниҳои омӯзишии Марказ доираи васеи мавзуъҳо, аз қабили рушди устувор ва фарогирии молиявии иқтисодиёти кишварҳои минтақа, навовариҳои бахши молиявӣ, ҳамгироии минтақавӣ, асосҳои макроиқтисодии низоми бонкӣ, тағйирёбии иқлим, сиёсати пулию қарзӣ ва фискалиро дар бар мегирифт.
Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки сарфи назар аз пешниҳоди кумаки техникӣ ва маслиҳатҳои муфиди мутахассисони Маркази минтақавӣ дар самти идоракунии макроиқтисодии самарабахш, ҳанӯз ҳам масъалаҳои нави ҳалталаб ҷиҳати рушди иқтидор боқӣ мемонанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба Департаменти низоми пулию қарзӣ ва бозори сармояи ХБА, инчунин Маркази минтақавӣ барои пешниҳоди кумаки техникӣ оид ба пешгӯии пардохтпазирӣ, ки марҳилаи аввали он бомуваффақият татбиқ гардид, арзи сипос намуда, изҳори боварӣ менамояд, ки бо назардошти муҳиммияти афзоиши иқтидор дар ин самт, Марказ барои амалӣ гардидани марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Ҳоким Холиқзода дар идомаи суханронӣ зарурати боз ҳам беҳтар намудани заминаи амалиётии сиёсати пулию қарзиро таъкид намуд. Ҳамзамон изҳори итминон карда шуд, ки Маркази минтақавӣ дар самтҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла дастгирии босуботи пулию қарзӣ ва молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, танзиму назорати бонкӣ, амнияти иттилоот, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, идоракунии хавфҳо, рушди бозори коғазҳои қиматнок, тақвияти фаъолияти низоми пардохт, татбиқ ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS) ҳамкории самарабахшро давом медиҳад.
“Бовар дорам, ки Маркази минтақавӣ ба як платформаи ҷудонашавандаи рушди неру ва дониш дар минтақа табдил ёфта, минбаъд низ ҷиҳати таҳкими ҳамкории сохторҳои молиявии кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон тавассути дарки амиқи хусусиятҳо ва ниёзҳои ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ҳамеша барои муколама ва ҳамкорӣ бо ХБА омода аст”, - изҳор дошт Ҳоким Холиқзода.