Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2023, таҳти №61 дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 14.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дода шудааст, бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд.
Дар асоси қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуоти
БМТ