Рӯзҳои 20-21 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Казимов Талеҳ Таҳир баргузор гардид.
Мулоқоти мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории байнибонкӣ тавассути мубодилаи маълумот ва таҷриба, шиносоӣ бо ислоҳоти дар низоми бонкии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳандозишуда, ҳамчунин баррасии масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва тавсеи ҳамкории минбаъдаи байнибонкӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо, ҷонибҳо аз фазои сиёсиву иқтисодии фароҳамгардида, ки ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мусоидат мекунад, изҳори хушнудӣ намуда, як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, омӯхтани таҷрибаи Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои низоми назорати суғуртавӣ, рушди бозори сармоя, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), рушди бонкдории исломӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва дурнамои гузариши пайдарпай ба ҳисоббарбаркуниҳо бо асъорҳои миллии ҳарду кишвар аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Талеҳ Казимов дар идомаи мулоқот оид ба омӯзиши таҷрибаи роҳандозии бонкдории исломӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии худро зоҳир намуд.
Дар навбати худ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ фазои мусоид фароҳам оварда шуда, заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ таҳия гардидааст ва минбаъд низ такмил дода мешавад.
Ҳоким Холиқзода дар зимн аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки кормандон ва мутахассисони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд ба курсҳои омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои бонкдории исломӣ, ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва идоракунии он, ки баргузории онҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намоянд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрии мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути табодули андеша ва баррасии масъалаҳои муҳимми бахши молиявӣ ва низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Шуъбаи матбуоти
БМТ