Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”

Бойгонии ахбор
24.06.2023

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”

Бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2023, №63 ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” ФС №0000041, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2022, №67 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку