Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи мардуми Тоҷикистон аст

Бойгонии ахбор
24.06.2023

Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи мардуми Тоҷикистон аст

24 июни соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, иштироки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин ва кормандони бонк бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

NBTL8904-1.JPG

Фирдавс Толибзода аҳли нишастро бахшида ба таҷлили яке аз ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон – Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки асосан аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоду ягонагии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.

Мавсуф афзуд, ки таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, таъмини амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

NBTL8888-2.JPG

Бинобар ин, - гуфт номбурда, - мо бояд имрӯз пеш аз ҳама сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадру қимати истиқлол ва давлатдории мустақил расем, худро ҳамтақдири давлату миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ, соҳибдавлатию соҳиб-ихтиёрӣ ифтихор намуда, ба нафъи халқу Ватан софдилонаву садоқатмандона меҳнат кунем.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар кишвар талаб мекунад, ки ҳамаи мо дастаҷамъона саъйу талош кунем, то аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Ҳамчунин, дар ин замина бо мақсади такмилу пешрафти низоми бонкдории мамлакат аз технологияи рақамӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва дигар воситаҳои иттилоотии замонавӣ самаранок истифода барем.

NBTL8927-3.JPG

“Дар рӯзгори пуртазоди муосир танҳо ваҳдату ҳамдилӣ ва кору заҳмати садоқатмандонаи мо, ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати мамлакат метавонад кафил ва заминаи боэътимоди пешрафти кишвар, аз ҷумла низоми бонкии он гардад”, - гуфт Ф.Толибзода.

Сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк Султон Ҳасан Баротзода дар навбати худ зикр намуд, ки имрӯз давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ваҳдату иттифоқро зербинои бунёди кохи муҳташами давлатдории миллӣ қарор дода, дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ ва ҳадафҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ намуда истодаанд.

NBTL8924-4.JPG

Бинобар ин, бо истифода аз шароит ва имконоти мусоид моро зарур аст, ки бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисоси ватандӯсту меҳанпарваро тарбия намоем, худшиносию худогоҳии миллиро тақвият бахшем, таҷрибаи мактаби бузурги давлатдорию ватанхоҳии ниёгонамонро дигарбора эҳё ва дар ниҳоди насли ҷавон зина ба зина ташаккул диҳем.

“Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалдараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст”, - гуфт Султон Ҳасан Баротзода. 

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар ба аҳли нишаст барору комёбӣ ва ваҳдату ҳамдилии ҳамешагӣ орзу намуда, таъкид бар он дошт, ки имрӯз мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбуб дар доираҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку