21.07.2023
				Эълони Озмун
					
 БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
	барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
  
 
	О З М У Н
 
	ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
  
 
	Департаменти технологияҳои иттилоотӣ
  
 
	I
  Мутахассиси пешбар
 
	шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (2 ҷой)
 Талабот ба номзад: 
	- Таҳсилот: олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT); 
 
	- Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз забонҳои барномасозии JavaScript, Java, Python, C#, PHP, Golang ё дигар;
 
	- Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз фреймворкҳои Angular, VueJS, React, Django, Laravel, ASP.NET Core ё дигар;
 
	- Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз пойгоҳҳои маълумотҳои MS SQL, Postgresql, MySQL ва ё дигар. 
 
	- Доштани маълумоти кофӣ оид ба техникаи ҳисоббарор ва чопӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ.
 
	- Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
 
	- Малакаи сарфаҳм рафтан ва кор намудан бо коди барномаҳои мавҷуда;
 
	- Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ;
 
	- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол.
 
 II
  Мутахассиси пешбар 
 
	шуъбаи маъмурияти низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой)
 Талабот ба номзад: 
	- Таҳсилот: олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT); 
 
	- Насбу васли таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
 
	- Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN, WLAN);
 
	- Донистани низомҳои амалиётии Microsoft Windows Server, Linux ва FreeBSD
 
	- Таҷрибаи корӣ дар низомҳои Proxy Server, Web Server, Mail Server, FTP Server (насб, танзим ва ғ.);
 
	- Донистани низомҳои маҷозикунонии VMware ESX, MS Hyper-V ва ғайра.
 
	- Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
 
	- Доштани таҷрибаи корӣ бо Контроллери домен, VPN, VLAN, DNS, DHCP, NTP;
 
	- Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
 
	- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол.
 
 III
  Мутахассиси дараҷаи I 
 
	шуъбаи маъмурияти низомҳои иттилоотӣ (1 ҷой)
 Талабот ба номзад: 
	- Таҳсилот: олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
 
	- Насбу васли қисмҳои электронии таҷҳизоти компютерӣ;
 
	- Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN, WLAN);
 
	- Донистани низомҳои омилӣ: Microsoft Windows Server ва Linux.
 
	- Донистани низомҳои Proxy Server, Web Server, Mail Server (насб, танзим ва ғ.);
 
	- Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
 
	- Доштани таҷрибаи корӣ бо Active Directory, VPN, VLAN, DNS, DHCP;
 
	- Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
 
	- Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол.
 
 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
	- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун; 
 
	- маълумотнома (справка-объективка); 
 
	- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд; 
 
	- тарҷумаи ҳол (ҳолнома); 
 
	- расм 3 дона андозаи 3х4; 
 
	- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома); 
 
	- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом); 
 
	- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; 
 
	- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ); 
 
	- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ; 
 
	- нусхаи билети ҳарбӣ; 
 
	- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
 
	- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
 
 Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамаруза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: 
 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
 Телефон барои маълумот: 
(44) 600-31-38, 600-32-11
 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 
то 10 августи с.2023